Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон ҳамла ба масҷиди Зоҳидонро маҳкум кард


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, ҳамла ба масҷиди шиъагон дар Эронро, ки бар асари он зиёда аз 20 нафар кушта шуданд, маҳкум кард. Клинтон, гуфт, ҳамлае, ки ба гурӯҳи суннии Ҷундуллоҳ нисбат дода мешавад, ваҳшатовар аст ва бояд омилони он барои чунин кирдор ҷавоб диҳанд. Гурӯҳи Ҷундуллоҳ масъулияти ду инфиҷор дар назди масҷиде дар Зоҳидонро бар дӯш гирифтааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, ин таркишҳо аз тарафи ҳамлаварони худкуш ба вуқӯъ пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG