Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии шикояти писарони Мирзо Зиёев дар додгоҳ


Ноиби раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Анвар Юсуфов, гуфт, шикоят аз ҳукми ин додгоҳ дар мавриди Муҳаммадризо ва Саидаҳмад -- писарони генерал Мирзо Зиёев дар Ҳайати мушовираи Додгоҳи олӣ аз ҷониби се додраси додгоҳ баррасӣ мешавад ва натиҷаи он дар рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда маълум хоҳад гашт. Дар бораи худи парванда ва ҳукми додгоҳ, Анвар Юсуфов гуфт, ки дар ҷараёни бозрасӣ Саидаҳмад Зиёев ва Муҳаммадризо Зиёев дар ҷиноятҳои сангин гунаҳгор дониста шуда, ба муддатҳои 28 ва 30 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд. Аммо ба қавли Юсуфов дар ҳоле ки баррасии шикояти онҳо идома дорад, ҳукми додгоҳ ҳанӯз эътибор пайдо накардааст.
XS
SM
MD
LG