Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти даъвогии фарзандони Мирзо Зиёев ба додгоҳ


Генерал Мирзо Зиёев соли гузашта ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Тавилдара кушта шуд
Генерал Мирзо Зиёев соли гузашта ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Тавилдара кушта шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти даъвогиии марбут ба парвандаи Муҳаммадризо ва Саидаҳмад - фарзандони генерал Мирзо Зиёев дар ҳайати мушовараи додгоҳ аз сӯи се додрас баррасӣ мешавад ва натоиҷи он рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда мушаххас хоҳад шуд.

Дар ин бора Анвар Юсуфов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи олӣ, дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа иттилоъ дод. Вай ба суоле, ки чаро фарзандони Мирзо Зиёев ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, гуфт, айбномаи пешниҳодии ин ду нафар нишон медод, ки онҳо дар ҷиноёти сангин гунаҳгор дониста шудаанд ва аз ин рӯ додгоҳ дар марҳилаи аввали баррасии қазия онҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум кард.

Аммо ба қавли Анвар Юсуфов, дар ҳоле ки баррасии шикояти даъвогии фарзандони Мирзо Зиёев идома дорад, ҳукми додгоҳ ҳануз қувваи амал пайдо карда наметавонад.

Муҳокимаи писарони Мирзо Зиёев дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст
Қаблан Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як муҳокимаи паси дарҳои баста писарони вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ ва собиқ фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсюни тоҷик, Мирзо Зиёевро дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, нигаҳдошти силоҳу муҳимот ва талоши ғасби қудрату тағйири низом муҷрим.

Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон ин парванда дар маҷмӯъ, 49 нафарро, ки умдатан пайвандони Мирзо Зиёев ва ҳаммаслаконаш ҳастанд, дар бар мегирад.

Мирзо Зиёев, ки аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифони пешини давлат буд, ҳамроҳ бо 11 тани дигар ба ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи Неъмат Азизов, аз ҳамҳорони Зиёев дар Тавилдара кушта шуд.

Дар амалиёти неруҳои давлатӣ тобистони соли гузашта дар Тавилдара 11 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Русия, кушта шуд
Тафтишот гурӯҳи 49 нафарӣ ба раҳбирии Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро дар ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ, куштор, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ғайра мутаҳҳам донистааст.

Муҳаммадризо ва Сайидаҳмад Зиёевҳоро, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон кардааст, таҳқиқи парвандаи онҳо дар боздоштгоҳи муваққати шумораи яки шаҳри Душанбе, ки бештар ба номи СИЗОИ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ маъруф аст, сурат гирифт. Бозрасии ин парванда тавассути муффатишони Кумитаи амнияти миллӣ дар шаш моҳи пеш анҷом шуда буд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мутобиқ ба бандҳои қонуни ҷиноӣ ва низ дар асоси таҳқиқи бозрасон, Муҳаммадризои 23 сола ва Сайидаҳмади 26 соларо дар ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим дониста ва ба онҳо 28 ва 30 соли зиндонро раво дид.
XS
SM
MD
LG