Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Русия


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи Ҷоми кушодаи Федеросиюни миллии ушуи Русия гардид.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Санкт-Петербург бо ширкати варзишгарони кишварҳои аврупоӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, Тоҷикистонро ду нафар – Сиёвуш Гулмамадов ва Фотеҳ Табаров намояндагӣ карданд.

Сиёвуш дар навъи анъанавии ушу – бо яроқ ва бе яроқ ҳунарнамоӣ карда, дар машқи «тсюан-шу» бо касби 9,8 имтиёз ғолиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай дар машқи «гун» бо чӯб бо 9 имтиёз ҷои дувумро гирифт ва соҳиби медали нуқра гардид.

Фотеҳ бошад, дар як навъи рақобатҳо - «дуй-лян» бо 9,8 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ба ин тартиб варзишгарони тоҷик бо касби 2 медали тилло ва як нишони нуқра ҷоизаи аслӣ - Ҷоми Федеросиюни миллии ушуи Русияро ба даст оварданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG