Пайвандҳои дастрасӣ

Галина Митяева, варзишгари маъруфи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл барои ширкат дар сабқати ҷаҳонӣ байни навҷавонон озими Канада мешавад.

Ғайрат Неъматов, мурабби дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Галинаи 19-сола барои бори севум дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар навъи гурзандозӣ рақобат хоҳад кард.

Вай, ки ҳафтаи гузашта дар Вйетнам барои бори дуввум ба унвони қаҳрамони Осиё байни навҷавонон даст ёфта буд, мақсад дорад, ки дар сабқати ҷаҳонӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад. Рекорди шахсии Галина Митяева дар гурзандозӣ 63 метру 43 сантиметр мебошад.
Дувоздаҳумин давраи сабқати ҷаҳонӣ оид ба варзишҳои майдонӣ байни навҷавонон дар шаҳри Монстони Канада аз 20-ум то 25-уми июл доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG