Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳ. Табаров: «Ҷиёнхон Ризоевро Сангак кушта буд»


Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон

Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон

Ахиран китоби Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ ва вакили мардумӣ бо номи «То мард сухан нагуфта бошад» мунташир шуд. Дар ин китоб хотираҳо ва ёддоштҳои муаллиф, аз ҷумла дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳабибулло Табаров, раёсати баргузории иҷлосияи 16—уми Шӯрои Олӣ ё порлумон дар моҳи ноябри соли 1992 -ро бар ӯҳда дошт. Иҷлосияе, ки боиси ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, шуд. Дар гуфтугӯе, ки ҷаноби Табаров, бо Радиои Озодӣ дошт, нахуст аз сафари вакилони мардумии минтақаи Кӯлоб ба иҷлосияи Хуҷанд ёддоварӣ кард. Зеро он замон минтақаи Кӯлоб ба ҳайси як тарафи даргири ҷанг дар муҳосираи сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт:

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ

- Он замон Ҷиёнхон Ризоев, раиси комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб буданд ва бояд депутатҳо (вакилон) ба Хуҷанд барои гузарондани сесия (иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олӣ ) мерафтанд. Раҳматӣ моро ҷамъ карду маро сардори гурӯҳ таъин кард. Мо як гурӯҳ вакилон аз Кӯлоб ба воситаи чархбол то ба марзи Узбакистон рафтем. Пеш аз парвоз дар сарҳади Узбакистон моро вазири мудофиаи ин кишвар Аҳмадов пешвоз гирифт. Сангак Сафаров, низ омада буд ва ба мо гуфт, ки «сесия меравед, дасти холӣ наоед. Агар дасти холӣ омадед, аз худатон хафа шавед». Манзури Сангак Сафаров ин буд, ки сесияро дуруст гузаронед, ҳукуматро тарафдорӣ кунед ва масъаларо ҳал кунед. Мо ба Хуҷанд парвоз кардем. Дар он ҷо як шаб мондем. Рӯзи дигар саҳао раиси ҳамонвақтаи вилоят- Ҳомидов назди ман омаду гуфт, Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилоятатонро паронданд ва бояд ки ба ҷаноза равед.

Сангак: "Ҷиёнхон Ризоевро ман паррондам"

- Аммо қотили ҷиёнхон Ризоев кӣ буд? Баъзеҳо мегӯянд, ин кори дасти Сангак Сафаров буд. Оё ин воқеият аст?

- Бале ин воқеият дорад. Зеро мо вақте, ки ҷанозаи Ҷиёнхон Ризоевро дар хонааш, дар колхози ҳамонвақтаи Ленинград доир шуд ва мо ҳар кадом ба ҷойҳои худ баргаштем. Бегоҳии рӯз ман аз тариқи радио баромади Сангак Сафаровро шунидам, ки вай мегуфт, «ҳеҷ гунаҳгорро накобед. Ҷиёнхон Ризоевро ман паррондам. Чунки вай дар корҳои ношоям шарикӣ дорад. Барои ҳамин гунаҳкорро накобед».

- Баъзе аз таърихдонон мегӯянд, сабаби кушта шудани Ҷиёнхон Ризоев танҳо номзад ба мақоми раҳбари Тоҷикистон будани вай будааст. Ба ин хотир гӯё Сангак Сафаров ӯро аз саҳнаи сиёсӣ дур карданӣ буд?

- Ин ҳарфҳо воқеият надорад ва нодуруст аст. Ҳарчанд ман Ризоевро қаблан намешинохтам, аммо дар муддати кӯтоҳе, ки чаҳор—панҷ маротиба вохӯрӣ кардем ва дар атрофи ин масъалаҳо бисёр гуфтугӯи дароз доштем. Ризоев рӯирост мегӯфт, ки хоҳони барқарории адолат ва ҳақиқат дар вилояти Кӯлоб аст. Вай умуман тарафдори ҳукумат буд, ҳукумати қонунӣ ва конститутсионӣ ва бар зидди ашхосе, ки сарнагунии ҳукуматро мехостанд, бар зидди оппозисия таъкид мекард. Ҳамини гапҳоро мегуфт. Лекин дар бораи он ки вай хоҳиш дошт, ки оянда роҳбари давлат шавад, дар ин бора ягон бор гап нашуда буд ва ман боварӣ ҳам дорам, ки вай мақсад ҳам надошт.

Интихоби раҳбари нави давлат

- Хуб, пас аз қатли Ҷиёнхон Ризоев, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти раисии кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлобро бар ӯҳда гирифт. Ин чӣ гуна сурат гирифт?

- Вақте, ки вилоят бе раҳбар монд, кӯҳансолон ва мардони обрумандро ҷамъ карданд ва ман низ дар он маҳфил ширкат кардам. Ҳамаи мо ба хулосае омадем, ки ҳамин Эмомалӣ Раҳмон, қобилияти раҳбори кардани вилоятро дорад. Чунки дар сесияҳои гузашта баромадҳои хуб мекард. Барои ҳамин, ба ин хулоса омадем, ки ин кас ҷавон аст, қобилияти ташкилотчигӣ дорад, қобилияти сиёсиву маданиву маърифатӣ дорад, ин касро пешбарӣ кунем. Бинобар ин чаҳор-панҷ нафарро комиссия кардем, то ба Қурғонтеппа ба назди қумондонҳои ҳамонвақта рафта, маслиҳати онҳоро низ гиранд. Баъде ки онҳо рафта ва розигии Сангак Сафаров ва дигаронро гирфта омаданд, ин масъаларо бори дигар дар маҷлиси кӯҳансолон дидему ба сесия пешниҳод кардем. Дар сесия ман аввалин шуда баромад кардам ва пешниҳод кардам, ки интихоб шавад.

- Ҳабибулло Табаров, дар замони шӯравӣ дар мансабҳои котиби кумитаи иҷроияи ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархори минтақаи Кӯлоб маъруф буд. Аммо дар иҷлосияи 16—уми Шӯрои Олӣ, дар моҳи ноядри соли 1992 бештар машҳур шуд чун шумо масъулияти гузарондани ин иҷлосияро бар дӯш доштед. Оё ин масъулият душворӣ надошт?

- Рости гап, гузарондани ин иҷлосия хеле муҳим буд. Чунки дар байни депутатҳо гурӯҳҳои махсусе буд, ки кор карданӣ намемонданд, дар маҷлис иштирок карданӣ намемонданд. Лекин вақте, ки як гурӯҳи депутатҳои кӯҳансол ҷамъ шуда ва маслиҳат карданд, ки киро барои гузарондани сесия раис интихоб кунанд. Эмомалӣ Раҳмон низ, ки раиси вилоят буд, дар онҷо ҳузур дошт ва таклиф шуд, ки маро барои пешбурди сесияи 16—ум интихоб кунанд. Ин масъала ба овоз монда шуд ва 80 фоизи депутатҳо ба тарфдории ман овоз доданд.

Пофишории Раҳмон Набиев

- Аз китобатон бармеояд, ки шумо аз касоне будед, ки Раҳмон Набиевро водор кардед, ки аз мақоми президенти Тоҷикистон истеъфо диҳад. Ин миссияро чи гуна анҷом додед?

- Дар ҳақиқат мо бо Раҳмон Набиев аз лиҳози корӣ наздикӣ доштем. Чун дар он соҳаҳое, ки вай ифои вазифа карда буд ман низ дар сафарҳо ва омаду рафтҳо бо ҳамдигар мулоқоту гуфтугӯҳо доштем. Якдигарро мешинохтем. Вақте, ки моро комиссия карданд дар онҷо мо шаш нафар будем ва ба хонаи Раҳмон набиев рафтем. Азбаски дигарон хап карда нишастанд, ман суханро сар карда гуфтам, ки Раҳмон Набиев ман бо миссия хуб наомадему лекин таклиф шудааст, ки агар шумо бо хубӣ истеъфо диҳед ва ҳамаи он имтиёзоте, ки барои президентон аст, ба шумо дода мешавад. Хайр, он кас хеле гапро кашола карданд, то соати яки шаб мо ҳамсӯҳбат будем ва оқибат мо хеста рафтем. Пагоҳ рафта Раҳмон Набиевро оварданд, дар сесия иштирок кард ва баъди якчанд бор баромад кардани вай ва баромад кардани Эмомалӣ Раҳмон, вай аризаи истеъфои худро пешниҳод кард.

Сангак Сафаров: "Раҳмон Набиев бояд президент монад"


- Аммо он гуна, ки дар китобатон низ овардед, Раҳмон Набиев андешаҳояшро иброз карда гуфтааст, ки ман бо Сангак Сафаров телефонӣ сӯҳбат доштам, фикрҳои ӯ (Сангак Сафаров) дигар хел ҳастанд. Раҳмон Набиев чиро дар назар дошт?

- Сангак Сафаров гуфта буданд, ки Раҳмон Набиевич бояд президент монад. Ин гап бо телефон шудааст. Лекин ман гуфтам, ки Раҳмон Набиевич, шумо мегӯед, ки мардуми Кӯлоб маро интихоб карданд ва боз маро интихоб кунанд, ҳоло мардуми Кӯлоб мегӯянд, ки «агар Раҳмон Набиевич мехостанд, ки роҳбари давлату республика бимонанд, бояд аз ҳамшаҳриёнаш, аз хешу таборонаш, ё аққаллан як писарашро равон мекард, то дар штаб ҳамроҳи мо мебуд. Ва мо дар он ҳолат метавонистем то охир ӯро тарафдорӣ кунем. О, ягон кас аз вилояти пештараи Ленинобод, аз хешу таборонаш, аз фарзандонаш наомад, ёрдам накарданд, акнун он кас хафа нашаванд, ки мо ӯро дастгирӣ намекунем».

Ҳамин хел гап шуда буд. Лекин фикр мекунам, ки Сангак Сафаров аввал ҳамин хел гуфтааст, ки ман тарафдорӣ мекунам, ки шумо президент бимонед, лекин баъд вай аз гапаш гаштааст.

Ғайбзании Кенҷаев

-Дар ҳамин иҷлосия чанд рӯз Сафаралӣ Кенҷаев ғайб зад. Вақте ки ҳама масъалаҳо ҳал шуд, баъд пайдо шуд ва изҳор кард, ки ӯро бурда маҳкам карда буданд. Вай куҷо шуда буд? Чаро ин ҳодиса рӯх дод?

- Ростӣ гап, ман дар бораи Сафаралӣ Кенҷаев ва ин ҳодиса чизе гуфта наметавонам. Ман ҳам медонам, ки вай ду ё се рӯз дар сесия иштирок накард. Лекин вақте, ки вай омад, аз трибунаи сесия касе дар ин бора сухан накард. Ман ҳам аз он кас ягон бор напурсидам, ки барои чӣ шумо ду рӯз се рӯз дар сесия набудед. Дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

- Маҳз дар ҳамин иҷлосия Шумо ба мақоми вазири кишоварзӣ пазируфта шудед. Ин вазифаро дар ивази гузарондани иҷлосия гирифтед ё хайр?

- Фикр мекунам, ки вазифаи вазири кишоварзиро на дар ивази раиси сесия буданам гирифтам. Дар ҳамон ҳолат кадрҳое, ки бисёр пурқувват буданду ҳатто боғайрат буданд, президент ба сӯҳбат даъват карданд, онҳо рад карданд дар ин вазифаҳо кор карданро. Чунки вазъият бисёр муташанниҷ буд. Ва гузарондани сесия, ки масъулияти бисёр баланд дошт, рости гап ман як шабонарӯз хоб накардам, ки оё ман метавонам ҳамин сесияро ба таври лозимӣ, ба таври ҷиддӣ гузаронам, то ягон ҳодиса рӯй надиҳад. Лекин кӯшиш кардам, бисёр кӯшиш ба харҷ додам, ки сесияро гузаронам. Ва ҳатто дар гӯшаи хотирам, набуд, ки маро вазири кишоварзӣ пешбарӣ мекунанд. Як рӯз гӯзашт ё ду рӯз буд, ки Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазир буд, маро даъват карданду гуфтанд, ки маслиҳат шудааст, ки шумо вазири кишоварзӣ шавед. Хайр ман гуфтам, ки раҳмат барои пешбарӣ карданатон ҳаракат мекунам, ки боварии шуморо баҷо орам.

Кумаки Узбакистон ба Кӯлоб

- Шумо ҳам дар китобатон таъкид кардед, ки Тошканд аз мардуми минтақаи Кӯлоб дар давраи ҷанг ҳимоят мекард. Чаро Ислом Каримов, аз мардуми ин минтақа дар ҳамон шабурӯз пуштибонӣ кард?

- Ба ростӣ, сабаби аслиро ё амиқи инро намедонам. Чизеро ки намедонам, намедонам. Барои чи он вақт тарафдорӣ карду баъд не, намефаҳмам. Аммо шояд ба хотири ҳар чӣ зудтар ҷанги дохилӣ тамом шаваду, ҳукумати қонунӣ барқарор шавад.

- Аммо бо гузашти 18 сол аз оғози ҷанги дохилӣ аз назари шумо омилони ин ҷанг киҳо буданд ва оё онҳо дар дохил буданд ва оё Тошканд дар аланга задани ҷанг нақш дошт ё хайр?


- Акнун аз рӯи сиёсати давлатдорӣ гӯем, буданд касоне аз Тошканд, ки дар ин кор аралаш ҳастанд. Ин сиёсат аст ва дар сиёсат ва сиёсатмадорӣ ин чиз дар байни ҳама давлат ҳаст.

Омилҳои хориҷӣ дар ҷанги дохилӣ

- Манзурам ин аст, ки киҳо ин ҷангро мехостанд?

- Аз назари ман, ҳам душманони дохилӣ ва ҳам душманони берунӣ. Шояд душманони дохилӣ ва берунӣ якҷоя кор карданд. Чунки он вақт вазифаталабҳо бисёр буданд. Касоне, ки ҷанг меандохтанд, ба хотири вазифа гирифтан, ба хотири ҳукуматро гирифтан ин корро мекарданд. Лекин бегуфтугӯ ин душманон аз дохилӣ ҳам буданд ва ҳам аз берунӣ. Мумкин дар ҳамон ҳолат аз дохилӣ зиёдтар буд.

- Ҳамакнун бо гузашти 13 сол аз имзои созишномаи сулҳ, ки ба як ҷанги панҷсола дар Тоҷикистон хотима дод, оё сулҳи воқеӣ миёни қишрҳои ҷомеа вуҷуд дорад, ё хайр?

- Дар имзои он санад саҳми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ хеле зиёд аст. Бисёр меҳнати хуб карданд, то вазъият беҳбуд ёфт ва сулҳ барқарор шуд. Имрӯз низ сулҳ барқарор аст. Лекин якто-дуто одамоне, ки нав пайдо шуда истодаанд, албатта пеши роҳи онҳоро гирфтан даркор. Чунки ман баъзан рӯзнома мехонам ва китобҳоро мехонам, мебинам, ки ҷавонони навбаромаде пайдо шудаанд, ки мухолифи давлат ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG