Пайвандҳои дастрасӣ

Шартҳои Амрико барои оғози музокирот бо Пхенян


Курт Кемпбел, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Шарқӣ ва уқёнуси Ором

Курт Кемпбел, ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Шарқӣ ва уқёнуси Ором

Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ гуфтаанд, ки агар Кореяи Шимолӣ аз тарзи рафтори таҳрикдиҳандааш даст кашад, омодаанд бо Пхенян музокиротро аз сар бигиранд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар Вашингтон Курт Кемпбел, ёвари котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Шарқӣ ва минтақаи уқёнуси Ором, гуфт, қабл аз он, ки музокиракунандагони Вашингтону Сеул ба сари мизи музокирот менишинанд, Пхенян бояд намоиш диҳад, ки алоқаманд аст, сиёсаташро тағйир диҳад:

“Мо омодаем таҳти шароити муносиб бо Кореяи Шимолӣ сари як миз нишаста муколамаи дипломатиро шурӯъ кунем. Аммо тавре, ки президенти Кореяи Ҷанубӣ Ли Мюнгбак борҳо гуфтааст, мо намехоҳем фақат ба хотири гуфтугӯ музокира кунем. Бояд ошкоро мушаххас шавад, ки Кореяи Шимолӣ аз роҳҳои таҳрикдиҳанда даст мекашад ва самти табдилдодани нимҷазираи Корея ба минтақаи орӣ аз силоҳи ҳастаиро пеш бигирад.”

Вай афзуд, ки дар ин мавзӯъ Амрико ва Сеул мавқеи ягона доранд ва ҳамаи гомҳояшонро ҳамоҳанг мекунанд: “Ман фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои доиршавии ин машваратҳо миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ин мутмаин шудан дар ҳамкории наздики мо ба хотири дастёфтан ба пешрафт ҷиҳати роҳҳои эҳтимолии ҷалби Кореяи Шимолӣ ба муколамаи дипломатӣ дар оянда аст.”

Моҷарои "Чхонан"

Ин суханони Кемпбел баъд аз вохӯрии низомиёни баландмақоми Кореяи Шимолӣ бо фармондеҳони СММ таҳти раҳбарии Амрико садо дод. Вохӯрӣ 14-уми июл доир шуда мавзӯи аслиаш баррасии ҳодисаи ғарқшавии киштии низомии Кореяи Ҷанубӣ “Чхонан” дар моҳи март будааст.

Сеул Пхенянро дар ҳамла ба киштиаш муттаҳам мекунад. Аммо Кореяи Шимолӣ ҳамаи иттиҳомотро рад намуда гуфтааст, ки мехоҳад, барои таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи бозрасони худро фиристад.

Кемпебл ба хабарнигорон иттило дод, ки ҳафтаи оянда Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, ба Кореяи Ҷанубӣ сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Интизор меравад, ки дар айни он замон тамринҳои муштараки нерӯҳои ҳавоӣ ва дарёии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар баҳрҳои Зард ва Ҷопон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG