Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиши маргбор дар масҷиди Зоҳидони Эрон


Хабаргузориҳои Эрон гузориш додаанд, ки шаби панҷшанбе бар асари таркиши ду бомб дар яке аз масҷидҳои шаҳри Зоҳидон - маркази вилояти Сиистону Балуҷистон ҳадди ақал 26 нафар кушта ва бештар аз 300 тани дигар маҷрӯҳ шудааст.

Ба навиштаи ИРНА - хабаргузории давлатии Эрон, таркиши нахустин ҳангоми намози хуфтан дар даромадгоҳи масҷиди ҷомеи шиаҳои Зоҳидон сурат гирифта, баъд аз чанд дақиқа инфиҷори дуввум дар рӯбарӯи ҳамин масҷид ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин таркишҳои ҳамзамон бо маросими ҷашни зодрӯзи имом Ҳусейн – яке аз ҷашнҳои аслии мазҳабии Эрон рух додааст. Додситони шаҳри Зоҳидон эълон кардааст, ки ин ду таркиш амали маргталабона буд.

Интиқоми “Ҷундуллоҳ”

Гурӯҳи шӯришии суннигароёни Эрон таҳти унвони “Ҷундуллоҳ” дар сомонаи интернетии худ масъулияти ду инфиҷор дар назди масҷиди шиаҳо дар шаҳри Зоҳидонро бар ӯҳда гирифтааст.

Гурӯҳи Ҷундуллоҳ гуфтааст, ин инфиҷорҳо посух ба мақомоти Эрон аст, ки моҳи июн Абдумалик Регӣ - раҳбари онҳоро эъдом кардаанд. Раҳбари гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" моҳи гузашта дар яке аз зиндонҳои Теҳрон ба дор кашида шуд. Мақомоти Эрон ӯро моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми парвозаш аз Дубай ба Қирғизистон аз дохили ҳавопаймои ширкати қирғизӣ боздошт карданд.

Теҳрон Абдумалики Региро ба ғоратгарии мусаллаҳона, ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ, мардуми осоишта, қатл ва дигар ҷиноёт гунаҳкор донистаанд. Гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" ба раҳбарии Абдулмалик Регӣ чанд ҳамлаи маргбор ба нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Систону Балуҷистон воқеъ дар марзи Эрон бо Покистонро бар ӯҳда гирифта буд.

"Ҷундуллоҳ" гурӯҳи суннӣ буда, ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақаллияти балуҷи суннимазҳаб меҷангад. Мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар чандин бомбгузорӣ айбдор карда, мегӯянд, ки ин гурӯҳ бо "Ал-Қоида" низ робита дорад.

Амрико таркишҳоро маҳкум кард

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳамла ба масҷиди Зоҳидонро маҳкум кард.

Хонум Клинтон гуфт, ин ҳамларо, ки ҳоло масъулияти онро гурӯҳи “Ҷундуллоҳ” бар ӯҳда гирифтааст, "даҳшатбор" аст ва дастандаркорони он бояд барои ин кирдор ҷавобгӯ бошанд.

Ӯ гуфт, Амрико ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамлаҳо изҳори ҳамдардӣ мекунад ва хоҳони иҷрои адолат алайҳи авомили бомбгузорӣ аст.
XS
SM
MD
LG