Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти қирғизҳо бар зидди сомонаи сентразия.ру


Дафтари Додситонии кулли Қирғизистон ба мақомоти Қазоқистон бар зидди ду рӯзноманигор аз сомонаи интернетии сентразия.ру шикоят фиристодааст. Дар ин шикоят омадааст, рӯзноманигор Асрор Муминов ва Валерий Хлюпин-муассиси ин сомона бо навиштаҳои худ муноқишаҳои қавмиро доман мезананд. Аз ҷумла, 3-юми июл ин сомона дар мақолае навиштааст, "қирғизҳо узбакҳоро ҳатто дар масҷидҳо ба қатл мерсонданд". Ин нукта ишора ба нооромиҳои моҳи гузашта дар шаҳри ҷанубии Ӯш иртибот мегирад, ки даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо рух дода буд. Дафтари Додситонии кулли Қирғизистон дар шикояти худ навиштааст, ба ин навиштаҳо расидагӣ кардааст. Имомхатибони масҷидҳои Ӯш ва рӯҳониюн гуфтаанд, ки навиштаҳои сомона ба воқеият дуруст намеояд. Додситонии Қирғизистон мегӯяд, дафтари сомонаи сентразия.ру дар Қазоқистон ҷойгир аст ва мехоҳад мақомоти интизомии Қазоқистон ба мақолаҳое, ки муноқишаҳои қавмиро доман мезананд, расидагӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG