Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди имрӯзи вазирони Олмону Фаронса аз Қирғизистон


Интизор маравад, ки имрӯз Гуйдо Вестервелле ва Бернард Кучнер-вазирони корҳои хориҷаи Олмону Фаронса барои гуфтугӯ бо мақомоти расмии Қирғизистон вориди Бишкек-пойтахти ин кишвар шаванд ва аз ҷануби Қирғизистон низ мухтасар боздид кунанд. Бино ба хабарҳо, дар нооромиҳои қавмии ҷануби ин кишвар ҳудуди 300 нафар кушта шудаанд. Қабл аз сафар ба шаҳри Ӯш Вестервелле ва Кучнер бо Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури давраи гузор ва бо Руслан Казакбаев-вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон дар Бишкек мулоқот мекунанд. Вестервелле дирӯз аз Тошканд боздид ва бо Ислом Каримов дидор ва гуфтугӯ кард. Вазирони хориҷаи Олмону Фаронса шоми имрӯз барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони хориҷаи кишварҳои узви САҲА ба Алмматои Қазоқистон мераванд.
XS
SM
MD
LG