Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хости Амрикову Кореяи Ҷанубӣ аз Кореяи Шимолӣ


Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ мехоҳанд бо Кореяи Шимолӣ музокира анҷом диҳанд, агар Кореяи Шимолӣ таҳрикоти худро қабул накунад. Дар ин бора Курт Кампбел- ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Шарқӣ хабар додааст. Вай гуфтааст, қабл аз оғози музокирот Кореяи Шимолӣ бояд нишон диҳад, ки сиёсати худро тағир додааст. Ин изҳороти ёвари вазири хориҷаи Амрико дар ҳоле садо додааст, ки мақомоти низомии Кореяи Шимолӣ бо фармондеҳии СММ ба раҳбарии Амрико 90 дақиқа гуфтугӯ кардаанд. Дар бораи ин мулоқот ҷузъиёт ба нашр нарасидааст.
XS
SM
MD
LG