Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии Шаҳром Амирӣ дар Теҳрон


Дирӯз Шаҳром Амирӣ-донишманди ҳастаии Эрон аз Амрико ба кишвараш баргашт. Вай иддао мекунад, ки беш аз як соли пеш вайро агентҳои Амрико ӯро рабудаанд. Вай баъд аз бозгашт дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон бори дигар гуфт, ки вайро соли 2009 дар Арабстони Саудӣ ҳангоми адои маросими ҳаҷ агентҳои Си Ай Эй ё ЦРУ рабудаанд. Амирӣ гуфтааст, барои водор кардан ба ҳамкорӣ вайро зери шиканҷаи равонӣ қарор додаанд. Ба гуфтаи вай ҳангоми бозпурсии вай агентҳои исроилӣ низ ширкат доштаанд. Амирӣ гуфтааст, ба вай 50 миллион доллар пешниҳод кардаанд то вай дар Амрико бимонад ва дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон дуруғпароканӣ кунад. Аммо мақомоти Амрико рабудани Амириро таъйид намекунанд.
XS
SM
MD
LG