Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз филмҳои нави афғонӣ дар Душанбе муаррефӣ мешаванд


Тавре, ки хабаргузории Регнум иттилоъ медиҳад, имрӯз дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон муаррефии ду филми бадеии Афғонистон сурат мегирад. Дафтари матбуотии сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфтааст, дар маросими муаррефии ин филмҳо фарҳангиёни Тоҷикистон ва намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ширкат хоҳанд кард. Ин филмҳо аз сохтаҳои Салим Шоҳин-коргардони ҷавони афғон аст.
XS
SM
MD
LG