Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз мулоқоти вазирони САҲА оғоз мешавад


Қарор аст имрӯз дар Қазоқистон дар яке аз тафреҳгоҳҳои наздикии Алмаато мулоқоти дурӯзаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви САҲА ба кор оғоз кунад. Аскар Абдураҳмонов-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон гуфт, дар ин ҳамоиш масъалаҳои амниятӣ дар Аврупо, АвруОсиё ва дар Афғонистону Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳоло Қазоқистон раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад ва умедвор аст, ки то поёни соли ҷорӣ мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмонро низ баргузор кунад. Аз соли 1999 ба ин сӯ то ҳол мулоқоти раҳбарони ин созмон баргузор нашудааст. Тоҷикистон низ узви ин созмон аст.
XS
SM
MD
LG