Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Сименси Олмон бо Русия қарордод имзо кард


Ширкати бузурги Сименси Олмон ба арзиши чанд миллиард евро бо ширкатҳои Русия қарордод имзо кард. Петер Лушер-раиси иҷроии ин ширкат дар шаҳри Екатеринбург дар ҳошияи мулоқоти Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар ин қарордод имзо гузошт. Тибқи яке аз моддаҳои ин қарордод ширкати Симензи Омон бояд дар даҳ соли оянда ширкати Роҳи оҳани Русияро бо 240 вагон таъмин кунад. Қаблан Дмитрий Медведев зимни суханони худ дар маҷмаи солонаи Русия-Олмон аз ширкатҳои олмонӣ хост, ки дар ширкатҳои Русия сармоягузорӣ кунанд, дар ширкатҳоие, ки моҳи гузашта аз феҳристи корхонаҳои стротегӣ бардошта шуданд. Ангела Меркел баъд аз Русия боздидашро аз Чин идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG