Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷундуллоҳ масъулияти инфиҷорҳои Зоҳидонро бар ӯҳда гирифт


Телевизиони Ал-Арабия гузориш додааст, ки гурӯҳи шӯришии Ҷундуллоҳ масъулияти ду инфиҷор дар наздикии масҷиди шиаҳо дар шимоли шарқи Эрон дар шаҳри Зоҳидонро бар ӯҳда гирифтааст. Дар ин инфиҷорҳо бештар аз 20 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории ИРНО аз қавли Фарибурз Рашидӣ-раиси Хадамоти изтирории устони Систон-Балуҷистони Эрон гуфтааст, "ду инфиҷор дар назди масҷиди Зоҳидон Ҷамиа рух додааст ва дар он бештар аз 100 нафар маҷрӯҳ ва беш аз 20 нафар кушта шудаанд". Гурӯҳи Ҷундуллоҳ гуфтааст, ин инфиҷорҳо посух ба мақомоти Эрон аст, ки моҳи июн Абдумалик Ригӣ-раҳбари онҳоро эъдом кардаанд.
XS
SM
MD
LG