Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқзани пайрави Салафия дар Бишкек ғайб задааст


Як зани қазоқ бо номи Самал Қисметова, ки барои таъқиботи мазҳабӣ мехост дар Қирғизистон паноҳанда шавад, ғайб задааст. Хешовандони Самал мегӯянд, ки вай аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ бедарак шудааст. Самал аслан аз ғарби Қазоқистон аст ва аз соли 2009 бо хонаводаи худ дар Бишкек ба сар мебарад. Вай мехост аз дафтари СММ дар Бишкек мақоми паноҳҷӯ дарёфт кунад. Қисметова аз ҷараёни салафия пайравӣ мекунад ва мақомоти интизомии Қазоқистон ин ҷараёни мазҳабиро ҷараёни тундрав медонанд.
XS
SM
MD
LG