Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 узбактабор ба эҳтимоли куштори пулиси қирғиз


Се нафар узбактаборони Қирғизистон ба эҳтимоли даст доштан дар куштори корманди пулис дар наздикии Ҷалолобод дар ҷараёни нооромиҳои моҳи гузашта боздошт шудаанд. Мелис Турганбоев-муовини вазири дохилаи Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин се нафар 14-ӯми июл дар Бишкек боздошт шудаанд, вале онҳо сокинони Ҷалолобод мебошанд. Онҳо замоне боздошт шудаанд, ки мехостаанд бо ҳавопаймо ба Русия парвоз кунанд.
XS
SM
MD
LG