Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷумҳурият" бузургтарин шифохона дар Кобул хоҳад буд


Сураё Далел-иҷрокунандаи мақоми вазири беҳдошти Афғонистон гуфт, дар ояндаи наздик шифохонаи сохти Чин дар Кобул гушоиш хоҳад ёфт. Вай дар конфронси кишварҳои кӯмаккунанда дар Кобул аз маҳофили байналмиллалӣ хост, ки сармоягузорӣ дар бахши беҳдошти Афғонистон бештар шавад. Шифохонаи чандтабақаи сохти Чин бо номи "Ҷумҳурият" бузургтарин шифохона дар Кобул хоҳад буд, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст. Чин барои сохтмон ва таҷҳизоти ин шифохона 26 миллион доллар сарф кардааст. Барои таҷҳизоти шифохона Бонки Ҷаҳонӣ, Амрико ва Туркия низ сармоя ихтисос хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG