Пайвандҳои дастрасӣ

Майкл Макфол, мушовири аршади президенти Амрико дар умури Русия ва АврОсиё баъд аз сӯҳбати тӯлонияш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Душанбе гуфт, «онҳо таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти минтақа ва аз он ҷумла Тоҷикистонро баҳс кардаанд».

Ҷаноби Макфол, ки раҳбарии пажӯҳишгоҳи Русия ва АврОсиёи Шӯрои Амнияти миллии ИМА-ро бар ӯҳда дорад, дар сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо хабарнигорон анҷом дод, аз вуҷуди омилҳои хатарзо ном набурд, аммо гуфт, вазъият дар ҷануби Қирғизистон президент Обамаро нигарон кардааст.

«Мо дар гуфтугӯи худ бо ҷаноби Раҳмон бештар рӯи он таҳдидҳои эҳтимолие, ки Тоҷикистон ва аз он ҷумла Амрико дар ин минтақа рӯбарӯст, тамаркуз кардем. Президент Обама дар фикри ин аст, ки мо барои амнияти минтақа чӣ карда метавонем ва ё аз дасти мо чӣ меояд, то вазъият аз ин бадтар нашавад».

Дар ин сӯҳбаташ Макфол ба мавзӯи Афғонистон ҳам дахл кард ва гуфт, ки субот дар ин кишвари ҷангзада метавонад эҳтимоли хатарҳо ба амнияти кишварҳои ҳамсояи онро камтар кунад.

Ӯ афзуд, дар мавриди таъмини субот дар Афғонистон Амрико бо Русия иттифоқи назар доранд.

Макфол мегӯяд: «Он террористоне, ки ҳоло дар Афғонистон ҷанг мекунанд, омодаанд, ки дар Русия низ ҳамин корро бикунанд. Аз ин рӯ, ҷонибҳо чунин меҳисобанд, ки бояд Афғонистон ба як кишвари ором табдил шавад. Ҳаминро низ изофа кардан мехоҳам, ки ҳамаи ин на танҳо хостаи Амрикову Русия, балки ба суди Тоҷикистон низ хоҳад буд».

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин ақида аст, ки кишварҳои минтақа бояд барои таъмини суботу амният як созмони муштараки ҷилавгирӣ аз нооромиҳоро таъсис диҳанд.

Амнияти Тоҷикистонро хатаре таҳдид намекунад

Ӯ мегӯяд, беш аз ҳама бояд Узбакистон ва Қазоқистон дар таъсиси чунин як ниҳод барои таъмини амният дар минтақа манфиатдор бошанд.

Сӯҳроб Шарифов ҳамчунин гуфт, қувваҳое вуҷуд доранд, ки талош мекунанд, ҳамаи минтақаи Осиёи Марказиро ба минтақаи доғ ва саҳнаи низоъ табдил кунанд. Вале, ба бовари Шарифов, ҳоло ҳич нерӯе нест, ки субот дар Тоҷикистонро ба ҳам бизанад.

«Таҳлилҳои мо аз он бозгӯӣ мекунад, ки феълан Тоҷикистон кишвари ором, на танҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ, балки дар қаламрави собиқ Шӯравист. Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои махсусан динии ғайриқоунӣ амал мекунад, ки алайҳи онҳо низ кор бурда мешавад. Аммо талошҳои ин гуна гурӯҳҳо бенатиҷа хоҳад буд, тавре, ки соли гузашта ҳодисаҳои Тавилдара, дар шарқи Тоҷикистон, инро собит кард».

Аз сӯйи дигар, оқои Шарифов ин нуктаро пинҳон намедорад, ки даҳҳо гурӯҳи мухталиф омодагӣ мебинанд, то ба ин васила оромиву субот дар Тоҷикистонро халалдор созанд.

Бо ин ҳол, Майкл Макфол, муовини ёвари раисиҷумҳури Амрико, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ҳама гуна талоши худро хоҳад кард, то субот дар минтақа ҳукфармо бошад.

Ӯ то ин ки ба Душанбе биояд, дар Бишкек - пойтахти Қирғизистон ва Тошканд - пойтахти Узбакистон буд. Қарор аст, ӯ тайи сафари дурӯзааш бо баъзе аз раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ гуфтугӯ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG