Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати ҳукуматии Қазоқистон дар шаҳри Ӯш


Имрӯз як ҳайъати ҳукуматии Қазоқистон ба хотири дидани харобиҳо дар саҳнаи низоъҳои хунини қавмӣ ба шаҳри Ӯши Қирғизистон сафар кард. Ҳайъати мазкурро Омурзоқ Шукеев, муовини нахуствазири Қазоқистон раҳбарӣ мекард. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, намояндаҳои давлати Қазоқистон аз биноҳои харобшуда ва осебдида дар ноҳияҳои мухталифи шаҳри Ӯш дидан кардаанд. Ҳайъати Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, кӯмакҳои иқтисодӣ ва молии Қазоқистон барои азнавсозии шаҳри Ӯшро баррасӣ кард. Ба тахмини мақомоти Қирғизистон, бар асари низоъҳои хунини қавмии қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июн, 2500 манзили истиқоматӣ, 100 муассисаи тиҷоратӣ ва бинои 10 муассисаи давлатӣ вайрон шуда ва ё садамаи зиёд дидааст. Хисороти ворида 71 миллион доллар баровард шудааст.
XS
SM
MD
LG