Пайвандҳои дастрасӣ

Дар барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи ҷамъбасти бузургтарин мусобиқоти дунё - Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 нақл мекунем.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ, ки тӯли як моҳ идома кард, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Испания ба анҷом расид.

Испаниҳо дар бозии ниҳоӣ тими Ҳолландро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Замони асосии бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон дар замони изофӣ муайян шуд. Голи ягонаро Андрес Инйеста дар дақиқаи 116-ум ба самар расонд.
Испания, ки соли 2008 қаҳрамони Аврупо гардидааст, барои бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Пас аз 12 сол ба рӯйхати қаҳрамонҳои ҷаҳон номи боз як дастаи нав ворид шуд.

Вале Ҳолланд, ки барои бори севум ба финали Ҷоми ҷаҳонии футбол баромада буд, ин дафъа низ шикаст хӯрд ва боз бо ҷои дуввум қаноат кард.

Бад-ин тартиб, сабқати ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо баргузор шуд, ба поён расид. Бистумин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол соли 2014 дар Бразил доир хоҳад шуд.

Сабқати варзишӣ на танҳо дар байни мардум маҳбубият пайдо кардааст, балки ҳамин алоқамандии мардум боиси таваҷҷӯҳи нируҳои тундрав ва террористӣ шудааст. Онҳо бо гунае мехоҳанд ба ин таваҷҷӯҳи мардум бо афкори исломӣ посух бигӯянд. Ва бо нишони эътироз дар маҳалли баргузории сабқати варзишӣ аъмоли террористиро анҷом медиҳанд. Дар ҳоле ки ин амали онҳо ба ислом ҳеҷ робитае надорад.

Шаби 11-уми июл, замоне ки ҳаводорони футбол дар саросари олам аз тамошои бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Ҳолланду Испания ҳаловат мебурданд, бомбгузорони маргталаб болои ду тарабхона дар кишвари африқоии Уганда ҳамла намуда, камаш 60 нафарро ба ҳалокат расонданд.

Дар ин ҳодиса беш аз 70 каси дигар ҷароҳат бардошт ва табибон аз эҳтимол дур намедонанд, ки шумори қурбониҳо афзоиш ёбад. То кунун касе масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале тахмин мешавад, ки бомбгузориҳо маҳсули гурӯҳи исломии «Шабоб» аст, ки дар кишвари ҳамсояи Сомалӣ бар зидди ҳукумат ошӯб бардоштааст.

Баъди бомбгузории маргталабона дар деҳаи Шоҳ Ҳасан Хел, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, сокинони он тасмим гирифтаанд, ба толибон муқовимати беамон нишон диҳанд. Ибтидои соли равон бар асари таркиш дар варзишгоҳи ин
минтақа камаш 100 тамошобини мусобиқаи волейбол ба қатл расиданд. Сокинони деҳа мегӯянд, ки онҳо ба толибон сар хам нахоҳанд кард. Ва дар ин бора гузорише ба шунавандагон пешкаш мешавад

Ахиран дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзишҳои зӯрхонаӣ барои дарёфти Ҷоми Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд. Дар ин мусобиқа ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ ширкат дошт ва гузориши ӯ дар ин бора ба таваҷҷӯҳи шунавандагони барнома пешкаш шудааст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG