Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Бернард Кушнер аз амалкарди Русия


Бернард Кушнер, вазири умури хориҷии Фаронса, имрӯз Русияро ба нақзи созиши оташбас бо Гурҷистон муттаҳам кард ва аз Маскав хост, то нерӯҳояшро ба мавқеъҳои қабл аз ҷанг дар ду соли пеш баргардонад. Бернард Кушнер дар ин бора дар як нишасти хабарии муштарак бо Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон сухан гуфт. Ӯ ба ҳимояти Фаронса аз тамомияти арзии Гурҷистон таъкид кард ва гуфт, “Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон, минтақаҳо ва қаламрави Гурҷистон аст ва мо ба ҳадди тавони худ ва аз роҳи муассире мекӯшем, то онҳо дигарбора аз Гурҷистон бошанд.” Русия Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ҳамчун кишварҳои мустақил ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG