Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Амирӣ ба Эрон


Шаҳром Амирӣ, пажӯҳишгари ҳастаии Эрон ба кишвараш баргашта, бори дигар иброз дошт, ки ӯро хилофи хоҳишаш ба Амрико интиқол дода буданд. Дар фурӯдгоҳи Теҳрон Амириро мансабдорони эронӣ, ҳамсар ва писари ҳафтсолааш пешвоз гирифтанд.

Аснои сӯҳбат бо хабарнигорон Амирӣ гуфт, ки дар давоми як соли гузашта ӯ мавриди фишори рӯҳиву шиканҷа қарор гирифта буд. Аммо дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Вашингтон Пост" ("The Washington Post") мансабдорони амрикоӣ, ки нахостанд номашон ошкор шавад, гуфтанд, ки тӯли як соли гузашта Амирӣ бо Идораи марказии истихбороти ИМА (CIA) ҳамкорӣ намуда, 5 миллион доллар касб намудааст.

Шаҳром Амирӣ иддао дорад, ки ӯро дар Арабистони Саудӣ зимни адои маносики ҳаҷ дуздида буданд ва ходимони иктишофии ИМА мехостанд, ки ӯ дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон дурӯғ гӯяд.

Амирӣ аснои сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ӯ мавриди фишори равонӣ ва шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифта буд ва Идораи марказии истихбороти ИМА ваъда дод, ки агар ӯ муқими ИМА шавад, аз ин муассиса 50 миллион доллар ҷоиза хоҳад гирифт.

Амирӣ афзуд, ки ӯ хиёнат ба Эронро қабул накардааст.

Аҳамияти иттилои додаи Амирӣ - 5 миллион доллар?

Аммо рӯзномаи "Вашингтон Пост" ("The Washington Post") аз қавли мансабдорони ИМА овардааст, Идораи марказии истихбороти ИМА ба хотири маълумоте, ки Амирӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон фароҳам овард, ба ин пажӯҳишгари эронӣ 5 миллион доллар ҷоиза додааст.

Ин мансабдорон илова кардаанд, ки миқдори пули тақдимшуда, гувоҳи аҳамияти иттилои дастрас шуда аст ва он имкон медод, ки Амирӣ шароити хуби истиқомат дар ИМА-ро дошта бошад.

ИМА ва муттафиқонаш тахмин мекунанд, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаии Эрон тавлиди силоҳи куштори дастаҷамъӣ мебошад. Вале Эрон борҳо исрор варзидааст, ки барномаи ҳастаии Эрон ҳадафҳои комилан осоишта дорад.

Шореҳон бар ин назаранд, ки Амирӣ мавҷудияти маркази дуюми ғанигардонии уран дар Эронро тасдиқ кардааст. Ташхиси муассисаи ғанигардонии уран дар назди шаҳри Қум моҳи гузашта ҳангоми банду басти бахши чоруми таҳрими Эрон дар Шӯрои Амнияти СММ кӯмак расонд.

Вале дар фурӯдгоҳи Теҳрон Амирӣ гуфт, ки ӯ дар бораи муассисаҳои ҳастаии Эрон дар Натанз ва Фурдув чизе гуфта наметавонад, зеро ҳеҷ гоҳ дар барномаҳои пинҳонии ҳастаӣ иштирок накардааст. Амирии 32 сола дар донишгоҳи саноатии Малики Аштар, ки бо Сипоҳи Инқилоби Исломӣ робита дорад, ифои вазифа кардааст.

Такрори қисса

Мансабдорони ИМА таъкид мекунанд, ки Амирӣ бо хоҳиши худ ба ИМА фирор намуда буд, вале 14-уми июл дар бахши манфиатҳои Эрон дар сафорати Покистон дар Вашингтон паноҳ ҷуст. Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, эҳтимол мақомоти Эрон аҳли оилаи Амириро мавриди таҳдид қарор доданд ва ӯ бозгашт ба Эронро авлотар донист.

Вале дар рӯ ба рӯи муовини вазири корҳои хориҷии Эрон - Ҳасани Қашқовӣ қиссаи Амирӣ дигар буд ва ӯ исрор меварзид, ки моҳи маи гузашта ҳангоми адои фаризаи ҳаҷ дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ рабуда шудааст.

Амирӣ илова кард, ки ҳангоми бозпурсии ӯ ходимони амниятии Исроил ҳам ҳузур доштаанд.

Дар поёни сӯҳбат Амирӣ гуфт, агар ӯ воқеан хоҳишманди фирор аз Эрон мебуд, ӯ ибтидо оилаашро аз Ҷумҳурии Исломӣ берун мебаровард.
XS
SM
MD
LG