Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маргталабе дар Своти Покистон 5 нафарро кушт


Пулиси Покистон мегӯяд, бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Свот, панҷ нафар кушта шуд. Ҳамла дар маркази вилоят дар шаҳри Мингора ҳамчунин 45 нафарро маҷрӯҳ кардааст. Вилояти Свот ва ду минтақаи атрофи он то соли 2009 дар таҳти контроли Толибон қарор дошт ва баъди амалиёти низомии ҳукумати Покистон аз дасти онҳо раҳо шуд. Бо вуҷуди бозгашти миллионҳо фирорӣ ва оромии нисбӣ, ин минтақа гоҳ гоҳ шоҳиди хушунат мешавад.
XS
SM
MD
LG