Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ масъулияти посбонии тамоми зиндонҳояшро бар ӯҳда гирифт


Артиши Амрико имрӯз масъулияти посбонии охирин боздоштгоҳи Ироқро ба ихтиёри мақомоти ин кишвар супурд. Ӯрдугоҳи Кроппер дар ғарби Бағдодро, баъди ҳамлаи ба раҳбарии Амрико ба Ироқ дар соли 2003 барои нигаҳдории аъзои баландпояи режими Саддом Ҳусейн таъсис доданд. Худи Саддом низ дар ҳамин боздоштгоҳ буд. Тариқ Азиз муовини нахуствазир дар ҳукумати Саддомро аз ҳамин боздоштгоҳ ду рӯз пештар ба зиндони Козимияи Бағдод интиқол доданд. Дар боздоштгоҳи Кроппер 1500 маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Аз соли 2003 то кунун амрикоиҳо масъулияти нигаҳдории 100 ҳазор зиндониро ба ихтиёри мақомоти худи Ироқ супурдаанд.
XS
SM
MD
LG