Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди ҳастаии Эрон ба СРУ чӣ иттилоъ дод?


Шаҳром Амирӣ
Шаҳром Амирӣ

Рӯзномаи амрикоии «Вошингтон пост» ба нақл аз мақомоти ИМА навиштааст, ки Шаҳром Амирӣ, донишманди ҳастаии эронӣ, бар ивази 5 миллион доллар «иттилои муфидеро» дар ихтиёри Хадамоти марказии кашфи ИМА (CIA ё СРУ) қарор додааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, вале пас аз бозгашт ба Эрон Шаҳром Амирӣ ба далели таҳримҳои молӣ алайҳи ин кишвар имкони дастрасӣ ба ин маблағҳоро нахоҳад дошт.

Мақомоти Амрико ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки донишманди эронӣ нигарони хонаводааш буд ва метарсид, ки режими Теҳрон ба онҳо осеб хоҳад расонд.

Ин дар ҳолест, ки сарчашмаҳои эронӣ навиштаанд, Шаҳром Амирӣ рӯзи панҷшанбе аз Амрико ба Эрон баргаштааст ва эълон кардааст, ки ӯ донишманди ҳастаӣ нест ва “Амрико бо ҳадафи фишори равонӣ ба Ҷумҳуриии исломии Эрон ӯро ба барномаи ҳастаӣ марбут эълон кардааст”.

Достони нопадид шудани Шаҳром Амирӣ мисли филмҳои детектив аст ва суоли зиёде ҳам дар бораи ин достони ба қавли нотамом мавҷуд. Вай як сол қабл дар Арабистони Саудӣ ҳангоми адои маросими ҳаҷ ба таври асроромез нопадид шуда буд.

Мақомоти Эрон иддао доранд, ки Амириро кормандони Си Ай Эй ё ЦРУ-и Амрико рабуда ва ба Амрико интиқол додаанд. Аммо вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, Амирӣ озод аст ва бо хости худ вориди ИМА шудааст.

Се сӯҳбати видеоии зиддунақизи Амирӣ

Ҷои ёдоварист, ки моҳи июн телевизиони Эрон як навори видеоро намоиш дода буд, ки дар он шахсе мегуфт, аснои адои фаризаи ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ, афроде номаълуме ӯро рабуда, зӯран ба ИМА интиқол додаанд.

"Номи ман Шаҳроми Амирӣ мебошад. Имрӯз 5 апрели соли 2010 аст ва ман дар Таксони ИМА қарор дорам. Ман дара малиёти Арабистони Саудӣ ва ИМА дастгир шудам. Маро дар шаҳри Мадина рабуда бо сӯзандоруе беҳуш намуда ба ИМА интиқол доданд. Дар тӯли 8 моҳи буду бош дар ИМА ман мавриди вазнинтарин шакли шиканҷа ва фишор қарор гирифтам".

Вале баъди чанд рӯз дар шабакаи интернетии Youtube навори дигари ин шахс зуҳур намуд, ки мегуфт, ман дар Амрико озодам.

"Ман дар Амрико озод ҳастам ва мехоҳам таҳсиламро идома диҳам. Мехоҳам ба ҳама таъкид кунам, ки амнияти ман таъмин аст".

Аммо дар навори сеюм, ки телевизиони Эрон дар таърихи 29 июн намоиш дод, ин шахс мегӯяд, ӯ дар иёлати Вирҷинияи ИМА аз афсарони амниятии ИМА пинҳон аст ва мехоҳад гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ба ӯ дар бозгашт ба хонааш кӯмак кунанд.

ИМА иддаоҳои ба намоишомадаро рад намуд. Моҳи март телевизиони АВС-и Амрико гузориш дода буд, ки Амирӣ аз Эрон фирор намуда, ба Идораи марказии истихбороти ИМА ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG