Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Салиби Сурх аз афзоиши таниш дар Қирғизистон


Созмони Байналмилалии Салиби Сурх имрӯз ҳушдор дод, ки сарнавишти номаълуми афроди бенишоншуда дар ҷануби Қирғизистон саҳнаи низоъҳои хунини қавмӣ танишҳо дар ин минтақаро афзоиш додааст. Салиби Сурх мегӯяд, рӯшансозии сарнавишти бенишоншудагон дар “фӯру нишондани” танишҳо кӯмак хоҳад кард. Дар низоъҳои Қирғизистон, садҳо нафар ва аксаран ӯзбактаборон кушта шуданд. Салиби Сурх аз ҷомеаи байналмилал хостааст, барои иҷрои барномаҳои имдодиаш 26 миллион доллар кӯмак кунад. Як рӯз пеш аз ин Ҳюман Райтс Вотч, гуфт, мақомот дар Қирғизистон зимни таҳқиқи низоъҳо, бештар ӯзбакҳоро ҳадаф гирифтаанд. Ҳукумати Қирғизистон имрӯз гуфт, барои таҳқиқи ҳодисаҳо як кумиссиёни миллиро таъсис медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ хостори таҳқиқи байналмилалии омилҳои низоъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG