Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Шарифов: Узбакистон бояд сиёсати худро тағйир диҳад


Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистон бояд муносиботи худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. Ӯ гуфтааст, ҳаводиси Қирғизистон зарурати ин амрро собит кардааст.

Сӯҳроб Шарифов гуфтааст, пас аз ҳаводиси Қирғизистон доираҳои сиёсии Узбакистон бояд ҷиддӣ сари вазъи минтақа андеша кунанд ва бархурд ба ҳамсоякишварҳоро тағйир бидиҳанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Авесто», раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон сиёсати Узбакистонро яке аз омилҳои сар задани нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон унвон кардааст.

Дарси ҳаводиси Қирғизистон

Вай гуфт, ҳаводиси Қирғизистон даъвои лидерии Узбакистон ва Қазоқистон дар минтақаро ботил сохт. Ба гуфтаи ӯ, нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон собит кард, ки ҳеч яке аз ин кишварҳо қудрати истодагарӣ дар баробари чунин низоъҳоро надорад ва ҳарфи аввал дар ин минтақаро абарқудратҳо мегӯянд.

Сӯҳроб Шарифов ба ин ақида аст, ки кишварҳои минтақа бояд барои таъмини суботу амният як созмони муштараки ҷилавгирӣ аз нооромиҳоро таъсис дода шавад. Вай мегӯяд, беш аз ҳама бояд Узбакистон ва Қазоқистон дар таъсиси чунин як ниҳод барои таъмини амният дар минтақа манфиатдор бошанд.

Сӯҳроб Шарифов ҳамчунин гуфтааст, қувваҳое вуҷуд доранд, ки талош мекунанд, ҳамаи минтақаи Осиёи Марказиро ба минтақаи доғ ва саҳнаи низоъ табдил кунанд, аммо ба сурати дақиқ аз кадом қувваи хосе ном набурдааст.

Гуфтанист, айни ҳамин матлабро, ду рӯзи пеш Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон низ зимни натиҷагирӣ аз сафараш ба Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки абарқудратҳо дар пайи роҳандозии низоъ ва хушунат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, ҳамзамон таъкид кардааст, ки субот ва амнияти комил дар Тоҷикистон таъмин аст ҳеҷ қуввае қодир ба халалдор намудани авзои сиёсӣ дар Тоҷикистон нест.

Мушкилоти равобит бо Узбакистон

Ҷаноби Шарифов таъкид кардааст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, вале тайи ним соли ахир равобит бо Узбакистон ба сардӣ гароидааст ва мақомоти Тошканд рӯирост ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон мухолифат мекунанд.

Ин таҳлилгари тоҷик бар он аст, ки бояд ҳукумати Узбакистон бархурди худ ба Тоҷикистонро тағйир бидиҳад.

Вай афзудааст, ҳамчунин мушкили дигари равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон эҷоди монеаҳо барои транзити қаторҳо тавассути қаламрави Узбакистон боқӣ мемонад. Ва дар пайи ин мушкил Тоҷикистон талош дорад роҳҳои алтернативии автомобилгард ва роҳи оҳанро ифтитоҳ кунад, ки боиси «нороҳатии иддае аз абарқудратҳо» шудааст.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳур мегӯяд, ҳалли масоили равобити Душанбе ва Тошканд аз гуфтугӯи рӯбарӯи раҳбарияти ду кишвар вобаста аст, вале бояд ҳарду ҷониб хостори музокирот бошад. Вай гуфт, барои эҳёи муносиботи ҳасана миёни кишварҳо бояд аз тамоми имконот, аз ҷумла дипломатияи мардумӣ, истифода бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG