Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон Русияро бо поездҳои пешрафта таъмин мекунад


Ширкати азими “Сименс”- и Олмон имрӯз бо чанд ширкати Русия қарордодҳои чандмиллиардолларӣ имзо кард. Дар маросими имзои қарордодҳо, дар шаҳри Екатеринбург, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ширкат доштанд. Бар асоси яке аз ин қарордодҳо, Сименс, Русияро то даҳ соли оянда бо 240 поезди ҳозиразамон таъмин хоҳад кард. Сименс, ҳамчунин дар як корхонаи муштарак бо ду ширкати русӣ, турбинаҳои бодӣ тавлид хоҳад кард. Арзиши дақиқи ин қарордодҳо эълом нашудааст. Пеш аз ин Дмитрий Медведев дар як ҳамоиши муштарак аз беҳбуди ҳамкориҳо миёни Русияву Олмон истиқбол кард. Ӯ гуфт:"Мо имрӯз доир ба модернизатсияи иқтисод бо ширкати соҳибкорон сӯҳбат кардем. Ин як майдони дигари воқеъан муҳим ва муфид аст. Бо назардошти он ки зоҳиран бӯҳрон ба поён мерасад, тиҷорат ба мо ангеза барои хушбинӣ медиҳад ва мо ҳоло барномаҳои бузург ва хубе дорем, ки якҷоя амалӣ мекунем." Медведев, имрӯз аз ширкатҳои олмонӣ даъват кард, ки дар корхонаҳои стротежии Русия, ки ҳоло ба рӯи саҳҳомони хориҷӣ боз шудаанд, сармоягузорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG