Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳром Амирӣ ба Эрон баргашт ва достонашро такрор кард


Шаҳром Амирӣ, донишманди ҳастаии Эрон, ки мегӯяд, ӯро як сол пеш ҷосусони амрикоӣ рабуданд, аз Иёлоти Муттаҳида имрӯз ба Эрон баргашт. Шаҳром Амирӣ рӯзи душанбе дар шаҳри Вашингтон дар бахши ҳифзи манофеъи Эрон дар сафорати Покистон пайдо шуд ва хост ӯро ба Эрон бозгардонанд. Ӯ имрӯз дигарбора таъкид кард, ки ӯро соли 2009 дар Арабистони Саудӣ ҷосусони Хадамоти Истихборотии Амрико рабуда ва ба ин кишвар бурданд. Амирӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯро “таҳти фишори шадиди равонӣ» қарор доданд, то бо онҳо ҳамкорӣ кунад. Ӯ гуфт, ки ҳангоми бозпурсиаш ҷосусони Исроил ҳам ҳузур доштанд ва афзуд, ки ба ӯ 50 миллион доллар пешниҳод карданд, то дар Амрико бимонад ва доир ба барномаҳои атомии Эрон “дурӯғ” паҳн кунад. Мақомоти Амрико иддаъоҳо доир ба рабудани Амириро рад мекунанд. Рӯзномаи “Вашингтон Пост” аз қавли як мақоми амрикоӣ навиштааст, ки Хадамоти Истихборотии Амрико ба Шаҳром Амирӣ 5 миллион доллар пардохтааст, то аз ӯ доир ба барномаҳои атомии Эрон иттилоъот бигирад.
XS
SM
MD
LG