Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, сиёсати Ӯзбакистон ба зарараш аст


Сӯҳроб Шарипов, мудири Маркази пажӯҳишҳои стротежии тобеъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, яке аз омилҳои низоъҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Ӯзбакистон нисбат ба ҳамсоякишварҳояш мебошад. Сӯҳроб Шарипов, ки дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт: “Ӯзбакистон бояд, ҳодисаҳои Қирғизистон ва омилҳои ин рӯйдодҳоро ба таври ҷиддӣ таҳлил кунад, ки яке аз омилҳои он сиёсати феълии Ӯзбакистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя аст. “ Дар низоъҳои хунини миёни қирғизу ӯзбакҳо дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод дар моҳи гузашта садҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар бехонумон шуданд. Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, Ӯзбакистон бояд ҳодисаҳои Қирғизистонро на танҳо дар маҳдудаи ин кишвар, балки фаротар аз он арзёбӣ кунад ва агар сиёсаташ ба манфиати мардуми Ӯзбакистон равона шуда бошад, пас бояд баъзе аз самтгириҳои сиёсиаш нисбат ба Тоҷикистонро тағйир диҳад ва барои беҳбуди муносиботи сард бо ин кишвар сари мизи музокирот нишинад.
XS
SM
MD
LG