Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия дархости ҳомиёни ҳуқуқро рад кард


Ҳукумати Русия дархости як созмони ҳомии ҳуқуқи Маскав барои дастрасӣ ба санадҳои махфии қатли ҳазорон лаҳистонӣ дар рустои Катин дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуввумро рад кардааст. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, дархости мазкурро бахши лаҳистонии созмони “Мемориал” кардааст. Ба гуфтаи Александр Гурянов, мудири ин бахш, мақомоти расмӣ дар посух гуфтаанд, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳаққи дастрасӣ ба иттилоъоти махфиро надоранд. Русия моҳи апрел баъди ҳалокати фоҷиабори Лех Качинскӣ, раиси ҷумҳури пешини Лаҳистон, ваъда дод, ки санадҳои махфии қатли 21 ҳазор лаҳистонӣ аз тарафи маъмурони амниятии Русияро дастраси ҷомеа хоҳад кард. Ин ҳодиса дар моҳҳои апрел ва майи соли 1940 дар вилояти Смоленск дар рустои Катин сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG