Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши ниҳоии OSCE дар мавриди интихоботи Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо нашри гузориши ниҳоии худ дар мавриди интихоботи порлумонии Тоҷикистон, гуфтааст, интихоботи моҳи феврал ба бисёре аз меъёрҳои байналмилалии як интихоботи демократӣ мувофиқ набуд. Ба гуфтаи нозирони созмон, қонунҳои худи Тоҷикистон низ дар интихобот пурра риоят нашудааст. Дар гузориши Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, омадааст, дар рӯзи баргузории интихобот қонуншиканиҳои ҷиддӣ, ба мисли раъйдиҳии хонаводагии зиёд мушоҳида шуд, бо вуҷуди онки ба гуфтаи ин нозирони байналмилалӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод, ки интихоботи шаффофу демократӣ баргузор хоҳад кард. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон 28 феврали соли равон баргузор шуд ва дар он аксарияти кулли 63 курсии порлумонро, Ҳизби халқии демократӣ соҳиб шуд.
XS
SM
MD
LG