Пайвандҳои дастрасӣ

Академики тоҷик барандаи ҷоизаи байнулмилалӣ шуд


Олими тоҷик, академик Улмас Мирсаидов барандаи медали тилоии озмуни байнулмилалии илмӣ-технологӣ дар кишвари Марокаш эълон шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст. Дар ин озмуни илмӣ даҳҳо олимон аз кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ ширкат доштаанд. Ҷаноби Мирсаидов дар бахши кимиё барандаи ҷоиза шудааст. Ин ҷоиза ҳамчунин ба маблағи 5 ҳазор доллар тӯҳфа дар назар дорад. Интизор меравад, маросими супурдани ҷоизаҳо моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG