Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири Барак Обама вориди Тоҷикистон мешавад


Қарор аст имрӯз Майкл мак Фол, раиси пажӯҳишгоҳи умури Русия ва АвроОсиё дар Шӯрои амнияти миллии ИМА ва ҳамчунон муовини ёвари раисиҷумҳури Амрико, вориди Тоҷикистон шавад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири раисиҷумҳури Амрико зуҳри имрӯз бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Мавзӯъҳои ин мулоқот масъалаи вазъи Қирғизистон ва амнияти минтақа унвон мешавад.
Майкл мак Фол аз Бишкек ба Душанбе хоҳад омад. Дирӯз вай дар Бишкек бо Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон ва соири мақомоти раҳбарии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Мак Фол телеграммаи шодбоши Обамаро дар ин бора, ки 27-уми июн раъйпурсӣ муваффақиятомез анҷом гирифтааст, ба Роза Отунбоева тақдим кард.
XS
SM
MD
LG