Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрии навбатӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Манзура Маҳкамова мушовири президент дар бахши сиёсати иқтисодӣ таъин гардиданд. Ҳамчунин раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳматулло Таваров аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Зафар Сафаров иҷрокунандаи ин вазифа таъин шудааст. Раисиҷумҳури кишвар барои ба вазифаи муовинони раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Раҳматулло Таваров ва Абдулҳақ Оев розигӣ додааст.
Дар асоси фармонҳои ҳукумати кишвар ҳамчунин нафарони зерин ба вазифаҳои нав таъин шудаанд:
Усмон Авазов - муовини якуми раиси саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон;
Ҷумахон Ғиёсов - муовини якуми раиси кумитаи корҳои дини назди ҳукумат;
Равшан Каримов - муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG