Пайвандҳои дастрасӣ

Дидбони ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч ҳушдор додааст, ки идомаи боздоштҳо ва азобу шиканҷаҳои худсаронаи боздоштшудагон аз ҷониби кормандони нерӯҳои интизомӣ дар ҷануби Қирғизистон метавонад вазъи минтақаро дар оянда боз ҳам печидатар кунад.

Дар гузориши тозаи Ҳюман Райтс Вотч, ки дирӯз ба нашр расид, гуфта мешавад, ки боздоштҳои худсарона ва шиканҷаи узбактаборон дар ҷануби Қирғизистон, метавонад мавҷи нави хушунатҳои байниқавмиро ба вуҷуд орад.

Моҳи гузашта дар натиҷаи задухурдҳои байниқавмӣ дар қисматҳои ҷанубии Қирғизистон беш аз 309 нафар кушта ва дастикам 400 ҳазор кас маҷбур шуданд ҷойҳои зисти худро тарк гӯянд.

Боздошти узбактаборон дар Ӯш

Анна Нейстат, пажӯҳишгари Ҳюман Райтс Вотч, ки феълан дар шаҳри Ӯш фаъолият мекунад, дар сӯҳбати телофонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар қисматҳои мухталифи шаҳри Ӯш амалиёти густардаи амниятӣ ҷараён дорад ва нерӯҳои амниятии Қирғизистон мардумро боздошт мекунад. Хонум Нейстат афзуд, ки дар натиҷаи ин амалиёт узбактаборон зиёда аз ҳад ва ғайримутаносибан боздошт мешаванд:

“Ин маънои онро надорад, ки қирғизҳо дар боздоштгоҳҳо нестанд, аммо тибқи он иттилое, ки мо дар ихтиёри худ дорем, мешавад бо эҳтимоли зиёд тахмин зад, ки аксарияти боздоштшудагон узбактаборанд”.

Нейстат инчунин дар мавриди он нигаронии амиқи созмонашро баён кард, ки амалиёти худсаронаи кормандони амниятӣ берун аз чаҳорчӯби қонунҳои маъмулӣ сурат мегирад:

“Мо инчунин дар бораи боздоштҳои худсарона ва интихоботона садо баланд мекунем. Амалиёт берун аз чаҳорчӯби ҳамаи қоидаҳои ҳуқуқӣ ҷараён дорад. Кормандони амниятӣ худро муаррифӣ намекунанд, сабаби боздоштро намегӯянд, ба хешовандон ягон иттилоъ дар бораи боздоштшудагон ва макони нигоҳдории онҳо пешкаш намекунанд.”

Шиканҷаи боздоштшудагон аз сӯи мақомот

Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч омадааст, ки ҳадди ақал 30 нафар ҳангоми боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.
Нейстат гуфт, ки ин иттилоъро онҳо бевосита аз қурбониён, хешовандони онҳо ва вакилони дифое, ки аз онҳо дар маҳбас дидан кардаанд, дарёфт намудаанд.

Ҳадди ақал ду боздоштшуда хабар додаанд, ки ҳангоми дар боздоштгоҳи муваққатии полиси шаҳр буданашон шоҳиди мавриди латтукӯби бераҳмона қарор гирифтани даҳҳо боздоштшудаи дигар шудаанд. Онҳоро дар ғурфаҳои бозрасӣ, даҳлезҳо ва ҳавлии бинои полис латтукӯб мекарданд.

Яке аз тарзҳои асосии азобу шиканҷа ин латтукӯби идомадор бо калтакҳои резинӣ, қундоки туфангҳо, муштзанӣ ва лағатзанӣ будааст.

Бино ба гузориши Ҳюман Райтс Вотч ҳадди ақал ду нафарро бо истифода аз противогаз ё ниқоби зидди газ азобу шиканҷа додаанд. Бар рӯи онҳо противогаз пушонида дастрасии ҳаворо то дами аз ҳуш рафтани ин нафарон қатъ мекарданд. Як боздоштшуда гуфтааст, ки бозрасон болои танаш сигаретро хомуш мекарданд.

Ойбек ном сокини 25-солаи узбактабори Ӯш, ки аз ифшои номи пуррааш худдорӣ варзид, ба бахши узбакии радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби афсарони пулис мавриди боздошт қарор гирифта буд. “Моро дар боздоштгоҳ бераҳмона заданд ва онҳо ҳатто дастони якеро шикастанд”, афзуд вай.

Ойбек хабар дод, ки танҳо баъд аз он, ки хешовандонаш ба афсарони полис ришва доданд, ӯро раҳо намуданд.

Даъвати HRW аз ҳукумати Қирғизистон

Дар гузориши Ҳюман Райтс Вотч навишта шудааст, ки боздоштшудагонро ба бинои полиси шаҳри Ӯш, бинои полиси вилояти Ӯш, марказҳои полиси маҳаллӣ ва Хадамоти амнияти миллӣ интиқол медоданд.

Ҳюман Райтс Вотч аз ҳукумати Қирғизистон даъват намудааст, барои қатъи боздоштҳои худсарона ва азобу шиканҷа гомҳои таъҷилӣ бардорад, вагарна ин раванд метавонад сабаби боз ҳам афзоиши танишҳои байниқавмӣ ва нобоварӣ шавад.

Вале Мелис Турғанбоев, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон, иддаои Ҳюман Райтс Вотчро рад намуда гуфтааст ки чунин гузоришҳо вазъро бадтар мекунанд:

“Мо дар масҷидҳо ва биноҳои ҳукуматҳои маҳалӣ мӯсафедонро гирдиҳам оварда нишастҳои оштӣ доир мекунем. Онҳо аз мо талаб доранд, ки ба ин иттиҳомот ва пахши иттилои бардуруғ хотима бахшем. Ин иттиҳомот сабаби хашми намояндагони ҳарду гурӯҳи қавмӣ шудааст. Баъзе аз онҳо чунин иттилоъро хонда оташин мешаванд ва мегӯянд, ки аз тарафи мо боз чанд афроде кушта шудаанд ва мисли ҳамин. Ин гузоришҳо вазъро бадтар мекунанд. Агар шумо воқеъатро ёфта бошед, пас лутфан омад онро ёбед ва беғаразона нависед.”

Тоқтоим Уметалӣ, ҳомии ҳуқуқи башар, боздоштҳои худсаронаву интихобона ва азобу шиканҷа дар ҷануби Қирғизистонро таъйид кард. Бо вуҷуди ин ӯ таъкид дорад, ки миёни қурбониён ҳам қирғизҳо ва ҳам узбакҳо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG