Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди "рабудашуда" аз Амрико ба Эрон баргашт


Шаҳром Амирӣ-донишманди ҳастаии Эрон, ки бино ба иддаои ин кишвар аз сӯи агентҳои Амрико бештар аз як соли пеш рабуда шуда буд, имрӯз ба Эрон баргашт. Аз Амирӣ дар фурудгоҳи Теҳрон хонум ва писараш пазироӣ карданд. Мақомоти Эрон иддао доранд, ки Амириро дар Арабистони Саудӣ ҳангоми адои маосими ҳаҷ кормандони Си Ай Эй ё ЦРУ-и Амрико рабуда ва ба Амрико интиқол додаанд. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Амирӣ бо хости худ ба Амрико омада буд ва ҳоло бо хости худ бармегардад. Қарор аст ба зудӣ Амирӣ конфронси хабарӣ баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG