Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту шиканҷаҳои бепурсиш дар Қирғизистон


Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Ҳюмен Райтс Вотч 14-ӯми июл ҳушдор дод, ки боздоштҳои худсарона ва шиканҷаву озори узбактаборони Қирғизистон метавонад ба мавҷи тозаи нооромиҳои қавмӣ дар ин кишвар замина гузорад. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар эъломияе мегӯяд, узбакҳо ба истилоҳ "бидуни пурсиш" боздошт мешаванд ва гуфта мешавад, ки ин кор ба баҳона ва дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ҳукуматӣ барои боздошт ва ба муҷозот кашондани гунаҳгорони нооромиҳои як моҳи ахир сурат мегирад. Дар эъломия гуфта мешавад, далоиле вуҷуд дорад, ки даҳҳо нафар дар робита бо нооромиҳо боздошт ва шиканҷа шудаанд. Аъзои хонавода ва вакилони мудофеи боздоштшудагон мавриди таҳдиду ҳамлаи кормандони пулис қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG