Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои боздиди хонум Клинтон дар ҳафтаи оянда


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба нақша гирифтааст, ки ҳафтаи оянда аз чаҳор кишвари Оисёӣ боздид кунад. Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон гуфт, хонум Клинтон дар мулоқоте роҷеъ ба гуфтугӯҳои стратегии Амрикову Покистон ширкат меҷӯяд ва сипас барои ширкат дар конфронсе ба Кобул меравад. Хонум Клинтон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки ба боздиди Роберт Гейтс- вазири дифои Амрико ҳамроҳ шавад ва аз Кореяи Ҷанубӣ боздид ба амал орад. Онҳо дар он ҷо дар маросимҳои ёдбуд аз ҷанги Корея ширкат хоҳанд кард. Сипас боздиди хонум Клинтон аз Ветнам идома меёбад.
XS
SM
MD
LG