Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати давраи гузори Қирғизистон эълон шуд


Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури давраи гузори Қирғизистон ҳукумати давраи гузори ин кишварро эълон кард. Ин ҳукумат то моҳи октябр, яъне то баргузории интихоботи порламонӣ фаъолият хоҳад кард. Қабл аз эълони аъзои кобинаи нави кунунӣ бисёре аз вазирони ҳукумати муваққатӣ истеъфои худро эълон карданд, то дар интихоботи порламонӣ ширкат ҷӯянд. Дар ҳукумати кунунӣ ҳам аъзои ҳукумати давраи Аскар Оқоев ва ҳам давраи Қурмонбек Боқиев ҳастанд. Қаблан Отунбоева аз вазироне, ки мехоҳанд дар интихоботи порламонӣ ширкат кунанд хост, ки аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд, то бад-ин тариқ ширкати одилонаи онҳо дар интихобот таъмин шавад ва онҳо бо ҳар номзади дигар шароити баробар дошта бошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG