Пайвандҳои дастрасӣ

Хушксолӣ баррасӣ мешавад ё номзадии раиси ҷумҳури нав?


Имрӯз дар порламони Бошқирдистон иҷлоси вижа баргузор мешавад. Аъзои порламон, ки ҳафтаи гузашта ба таътили тобистона рафта буданд, дубора гирдиҳам меоянд, то хушксолӣ дар минтақаро баррасӣ кунанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ҳадафи иҷлоси вижа масълаи дигар аст ва аъзои порламон ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард, ки ба ҷои Муртазо Раҳимов-раиси ҷумҳури собиқадору солманди Бошқирдистон чӣ касеро раиси ҷумҳур муаррефӣ кунанд. Ба эҳтимли зиёд дар ин иҷлосия раиси ҷумҳур истеъфои худро эълон ва касеро ба мақоми раёсати ҷумҳурии нав пешбарӣ мекунад. Раҳимов 76 сол дорад ва аз соли 1993 раиси ҷумҳури Бошқирдистон аст. Давраи раёсати вай моҳи октябри соли 2011 ба поён мерасад. Маскав аз сиёсати пешгирифтаи Раҳимов чандон розӣ ба назар намерасад.
XS
SM
MD
LG