Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон аз фурӯши лулаи гази гурҷиҳо нигарон нест


Ҳукумати Арманистон гуфтааст, аз имкони хусусӣ шудани лулаи асосии газ, ки аз Гурҷистон ба Арманистон мегузарад, нигарон нест. Ин лула Арманистонро бо гази Русия таъмин мекунад. Армен Мовсисиён-вазири энержӣ ва захоири табии Арманистон гуфтааст, Гурҷистон ин лулаи газро ба Озарбойҷон ва ё ба сармоягузорони хусусӣ нахоҳад фурӯхт. Вай афзуд, Гурҷистон роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ мекунад, то ба амнияти энержии Арманистон халале ворид нашавад.

XS
SM
MD
LG