Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози фаъолони мухолифон дар Маскав ба ҳукми додгоҳ


Дирӯз тақрибан 100 нафар фаъолони ҷунбиши мухолифони Русия бо номи "Солидарность" дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Маскав даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо бар зидди ҳукми зиндони Сергей Махнаткин, ки рӯзи ҷумъаи гузашта барои шикастани бинии як корманди пулис ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд, эътроз карданд. Ин ҳодиса 31-ӯми декабр ҳангоми бо зӯр пароканда кардани тазоҳурот аз сӯи пулис рух дода буд. Аммо Махнаткин мегӯяд, вай ин корро накардааст, балки аз зани солманде ҳимоят кардааст ки мавриди таҳқири пулис қарор дошт.
XS
SM
MD
LG