Пайвандҳои дастрасӣ

2 кушта ва як захмӣ дар марзи миёни қазоқу қирғиз


Дар як тирандозӣ дар марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон 2 чӯпони қирғиз кушта ва як марзбони қазоқ ҷароҳат бардоштааст. Амонгелдӣ Абилканов -муовини раиси Хадамоти Марзбонии Қазоқистон дирӯз дар Остона-пойтахти Қазоқистон ба рӯзноманигорон гуфт, ин ҳодиса 13-ӯми июл дар наздикии посгоҳи марзии Сатӣ рух додааст. Абилканов гуфт, марзбонони қазоқ гурӯҳи чӯпонҳои қирғизро, ки аз Қазоқистон ба сӯи Қирғизистон галаи аспонро аз роҳи кӯҳистонӣ меронданд, муттаваққиф карданд ва аз онҳо хостанд, ки ҳуҷҷатҳояшонро нишон диҳанд. Вале як чӯпон ба сӯи марзбон оташ кушодааст ва вайро сахт маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми қазоқ, марзбонон маҷбур шудаанд ба ин оташ ҷавоб диҳанд. Як чӯпони дигари қирғиз боздошт шудааст. Вай ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки онҳо галаи аспонро аз Қазоқистон рабудаанд ва мехостаанд галаро ба сӯи Қирғизистон ронанд. Марзбонони Қирғизистон ин ҳодисаро таъйид кардаанд.
XS
SM
MD
LG