Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Қирғизистон ба иттиҳоми Ҳюман райтс вотч


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман райтс вотч имрӯз аз боздоштҳои худсарона ва шиканҷаи узбактаборон дар ҷануби Қирғизистон ҳушдор дод ва гуфт, ин раванд метавонад, мавҷи нави хушунатҳои байниқавмиро ба вуҷуд орад. Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон Турсунбек Акун гуфт, ин иттиҳомот мавриди баррасӣ мебошанд.

"Ҳадафи аввали ҳайати мо мулоқот бо онҳоест, ки дар боздоштгоҳи Хадамоти амният ва Вазорати адлия ба сар мебаранд. Аъзои ҳайати мо аз боздоштгоҳҳои минтақаи Уш дидан карданд. Пеш аз онҳо чандин фаъоли ҳуқуқи инсон, намояндагони созмонҳои байнулмилал, ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдурасулова ҳам аз он ҷо дидан карданд. Онҳо аз чанд мавриди шиканҷа хабар доданд ва ҳайати мо бо таҳқиқи ин иттилоъ машғул аст. Он ҷо 39 нафар дар боздоштгоҳ аст, ки 80 дарсадашон узбакҳо ва 20 дарсад қирғизҳоянд. Аммо ҳанӯз натавонистаем ин маълумотро тафтиш кунем."

Дар изҳороти Ҳюман райтс вотч гуфта мешавад, дар талошҳои давлат ба таҳқиқи хушунатҳои моҳи гузашта ва муҷозоти гунаҳкорон узбактаборон ба таври ғайримутаносиб боздошт мешаванд. Ҳамчунин аз шиканҷа дидани даҳҳо боздоштшуда гузориш шуда, хешу наздикони онҳо мавриди таҳдид ва ҳамлаи полис қарор ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG