Пайвандҳои дастрасӣ

Шикваи афғонҳо аз мушкили раводиди сафар ба Тоҷикистон


Шаҳрвандони Афғонистон аз мушкили дарёфти раводиди сафар ба Тоҷикистон аз роҳи қонунӣ шикоят кардаанд ва мегӯянд, чунин раводидро мешавад бо нархи чанд баробар берун аз консулгариҳо харидорӣ кард. Ғуломнабии Фароҳӣ, ноиби вазири фарҳанги Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, рушди ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳалли ин мушкил бастагӣ хоҳад дошт:

«Агар мо хоҳем, ки равобити сиёсиву иқтисодиву фарҳангиамонро беҳтар ё дар соҳаи ҷаҳонгардӣ пешрафт кунем, бояд қабл аз ҳама масъалаи виза ҳал шавад. Мо мехоҳем сари ин мавзӯъ бештар сӯҳбат шавад».

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Давлат Назриев, мегӯяд, қаблан ҳам дар мавриди бо нархи гарон ва берун аз консулгариҳо фурӯхта шудани визаи Тоҷикистон дар Афғонистон иттилоъ расида буд, аммо касе аз шаҳрвандони ин кишвар ҳозир нашуд, ки дар ин маврид шаҳодат диҳад.
XS
SM
MD
LG