Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нимаи дуввуми имрӯз хабари ровии телевизион шудани Заррина Раҳмонова, яке аз 7 духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сархати ахбори бисёре аз расонаҳои Тоҷикистону хориҷ аз он қарор гирифт.

Зарина 16 сол дорад ва дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад. Гуфта мешавад, ӯ дар таътил ба Тоҷикистон баргашта, барои аввалин бор чеҳрааш имрӯз, 14 июл, бо либоси расмии хоси гӯяндагони ахбори телевизиони давлатӣ аз тариқи шабакаи аввал намоён шудааст. Ӯ хабарҳои англисиро мехонад ва донандагони ин забон бо мушоҳидаи хабархонии Заррина ба забони англисии ӯ баҳои хуб додаанд.

Дилафруз Амрирқулова, муовини раиси телевизиони Тоҷикистон, мегӯяд, Заррина худ барои ҳамкорӣ ба онҳо муроҷиат кардааст ва ҳоло бо кумитаи телевизион ва радио қарордоди 3-моҳа дорад:

«Зарина 3 ҳафта пеш худаш ба телевизион муроҷиат кард. Муҳаррирони варзида бо ӯ кор карданд ва мо қарордоди 3-моҳа бастем. Ин мӯҳлати санҷишӣ аст, агар аз ӯҳдааш бароянд ва хоҳиш дошта бошанд, метавоннд фаъолиятро идома диҳанд. Лекин забони англисиро ба дараҷаи хуб медонанд, озод сӯҳбат мекунад. Мо чунин нафаронеро, ки хоҳиш ва истеъдоди ровигӣ доранду забонро хуб медонанд, ҷалб мекунем, албатта. Заррина аз дигар гӯяндагоне, ки омада кор мекарданд, фарқияти калон дорад . Боз такрор мекунам, забонро хеле хуб медонад. Бигзор ин намунаи ибрат бошад барои дигар ҷавонон, ҳаракат кунанд, пешниҳод кунанд, ҳатман қабул мешаванд.»

Бояд гуфт, Заррина Раҳмонова нахустин фарзанди президент нест, ки дар атрофи исмаш расонаҳо ва мардум сӯҳбат мекунанд. Қаблан Рустами Эмомалӣ - писари бузурги президент Раҳмон, ки дар матбуот аксаран чун сарпараст ва футболбози калидии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе шинохта мешавад, ҳамчунин ба ҳайси муовини раиси иттифоқи ҷавонон пазируфта шуд ва дар интихоботи парлумонии соли равон ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳрӣ интихоб шуд.

Дар баробари Рустам исми Озода Раҳмонова ҳам, ки ба симмати муовини вазири хориҷа таъин шудааст, ба расонаҳо хуб ошност.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG