Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олимони риштаи кишоварзӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин ва Покистон тайи як ҳамоиши чандрӯза дар Хоруғ масоили истифодаи самараноки чарогоҳҳоро баррасӣ мекунанд.

Роҳбари Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистони Бунёди Оғохон Кишвар Абдулалишоев, ба вижа дар шароити камзаминии манотиқи кӯҳистони чарогоҳҳоро манбаи муҳими озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ мекунад.

Камбуди чарогоҳҳо

Вай афзуд, ки аммо вайроншавии чарогоҳҳо бар асари истифодаи нодурусташон аз ҷониби чорводорон ва афзоиши саршумори ҳайвоноту танг шудани зарфияти чарогоҳҳо нигаронӣ ба вуҷуд оварда, табодули афкор дар ин замина барои ҷилавгирӣ аз ин равандҳо муфид хоҳад буд. Вай баён дошт, ки аммо дар Тоҷикистон муносибат ба чарогоҳҳо ҳануз аз рӯи қавонин дар бори замин, ки дар мавриди татбиқашон ба чарогоҳ аз бисёр ҷанбаҳо нокомил ҳастанд, сурат мегирад.

Ба гуфтаи мудири бахши байналмилалии донишгоҳи Нарини Қирғизистон Эрмек Байбогишев, аммо ахиран парлумони ин кишвар қонун дар бораи чарогоҳҳоро ба тасвиб расондааст. Ба гуфтаи ин мутахассис, қаблан дар Қирғизистон ихтиёрдории чарогоҳҳоро мақомоти маҳаллӣ дар даст доштанд, ки дар бештари маворид оид ба вазъи истифодаи чарогоҳҳо ва ҳолати экологиашон тасаввуроте надоштанд.

Аммо тибқи қонуни нав феълан ба истифодабарандагони чарогоҳҳо 10 ҳазор чипта тақсим шуда, интизор меравад, ки то охири июл 185 ҳазор чунин чиптаҳои ҳуқуқ ба чарогоҳ ба чорвопарварон дода мешавад. Вай афзуд, чарогоҳ вобаста ба саршумори чорво ба истифодабарандаи он ба муҳалти муайян дода мешавад ва истифодабаранда барои ҳар сари шартии мол пули майян пардохт мекунанд.

Таҷрибаи Чин


Аммо ба гуфтаи олими чини Хинг Чанг, афзоиши аҳолӣ ва ҳайвону ҳашарот ба ҳолати чарогоҳҳои кишварашон низ таъсир гузоштааст. Вай афзуд, ки вале ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз равандҳои харобшавӣ чарогоҳҳоро маблағгузорӣ мекунад ва шахсонеро, ки ба парвариши чорво шуғл доранд, омӯзиш медиҳад, то муносибати оқилона бо муҳити зистро ёд гиранд. Вай таъсиси чарогоҳҳои сунъиро, ки дар онҳо зироатҳои хуроки чорво кишт ва обёрӣ мешаванд, як чунин иқдом дар мавриди дам додани чарогоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз харобшавиашон мешуморад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки журналисти покистонӣ Зулфиқор Алихон мегӯяд, дар манотиқи Гилгиту Балуҷистони Покистон тиҷорат, саёҳӣ ва дигар касбҳои нав шуғли анъанавии мардумро танг кардаанд ва ҳатто бархе аз вожаҳои марбут ба чорводорӣ торафт аз ёд фаромуш мешаванд.

Доктори Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Худодод Ақназаров изҳор дошт, ки бо дарки зарурати танзими наҳваи муносибат ба чарогоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз афзоиши рақобат байни ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ ҷиҳати тангшавии зарфияти чарогоҳҳо , ки дар минтақаи Мурғоб боиси нигаронӣ шудааст, олимони тоҷик тасмим гирифтанд, ки чунин як тарҳи қонунро ба парлумони кишвар ироа кунанд. Зеро кулли манотиқи чорвопарвари кишвар ба чунин қонун ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG